Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни миллӣ - Иди Наврӯз ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд.
Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – Иди Наврӯз ва баҳор аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дар намуди 15 халта орд, 50 литр равған, 40кг гӯшти гов, 50кг биринҷ, 100кг макарон, 50кг шакар, 20кг шоколад, 20кг кӯлчақанд ва 300 адади дафтар бо ручка расонида шуд.