2018

09 Март 2018

Табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи модар

Модарон ва хоҳарони азиз!

Фарорасии фасли зебои сол — баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубони Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям.

Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад.

Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.

Читать далее

07 Март 2018

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Бахшида ба Рӯзи Модар дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ баргузор гардид.

Читать далее

06 Март 2018

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018 – ро тасдиқ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврўз — 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Читать далее

23 Феврал 2018

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Имрӯз мо бисту панҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем.

Ба ин муносибат ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбиро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа саҳми бузург доранд, бо камоли ифтихор ва самимона табрик менамоям.

Читать далее

21 Феврал 2018

Ҷаласаи якуми зеркумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо рӯзи 20 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми зеркумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Читать далее

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа

Баъди ифтитоҳи Маркази навтаъсиси идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.

Читать далее

Ифтитоҳи Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 феврали соли 2018 дар арафаи таҷлили 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ — Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Читать далее

Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 — ошёнаи иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Читать далее

15 Феврал 2018

Истеҳсол ва бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муаррифӣ карда шуд.

Читать далее

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ

14 феврали соли 2018 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Читать далее