2018
08 Феврал 2018
Вохӯрии муовини якуми Вазир бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ
- Подробности статьи
6 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчунин вохӯрии муовини якуми Вазир Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба беҳтарнамоии фазои тиҷоратӣ ва иқлими сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Сиид Маҳмуд, хонум Мадина Данаева ва хонум Марина Шамилова доир гардид.
Читать далееБаррасии ҳамкориҳои самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ
- Подробности статьи
6 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини якуми Вазир Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс ва ҳайати сафарии бонк оид ба таҳияи Ёддошти иқтисодии кишвар хонум Гоар Гюдумян ва ҷаноби Бегазо Гомез баргузор гардид.
Читать далее31 Январ 2018
Баррасӣ ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
- Подробности статьи

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматулозода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Озарбойҷон Маммадзода Ҳасан Дилсӯз Оғлу маҳсуб меёфт, ки рӯзи 30 январи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.
Читать далееТабрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
- Подробности статьи

Ҳамватанони азиз!
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.
Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.
Читать далееМуҳокимаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиёии Рушд
- Подробности статьи

29 январи соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати коршиносони Бонки АвруОсиёии Рушд -таҳти роҳбарии Раиси Раёсати бонки мазкур А.Ю.Белянинов баргузор гардид.
Читать далее26 Январ 2018
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
- Подробности статьи

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII Шӯро баргузор гардид.
Читать далееШарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат
- Подробности статьи

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли 2017 чорабинӣ баргузор гардид.
Читать далееЭмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон (Солномаи Пешвои миллат – 2017)
- Подробности статьи

Соли 2017 бо баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва таҷлили бошукӯҳи санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 — солагии қабули Парчами давлатӣ ва “Соли ҷавонон” барои тоҷикистониён ва тоҷикони олам соли басо хотирмону таърихӣ буд.
Читать далееМулоқоти Вазир бо Тошиҳиро Аикӣ
- Подробности статьи

25 январи соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Тошиҳиро Аикӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии масъулони аршади Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония” ба Душанбе ташриф овардааст, сурат гирифт.
Читать далее24 Январ 2018
Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»
- Подробности статьи

16 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонро «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расониданд.
Читать далее






