Феврал 2021

26 Феврал 2021

Эҳтимолияти аз фаъолият бозмондани соҳибкорони хурду миёна дар Федератсияи Россия

Аз рӯи пурсишҳои гузаронидашудаи 5000 ширкатҳои Россия дар аввали моҳи феврал муайян гардид, ки соҳибкорони хурду миёна то ҳол ба мушкилиҳои ҷиддӣ дучор гардида истодаанд. Дар аввали соли 2021 бо назардошти коҳишёбии ҳаҷми даромад ва кам гардидани талабот, маоши кормандон поин рафт.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 феврал дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Читать далее

25 Феврал 2021

Аз байн рафтани фақри шадид дар Ҷумҳурии Халқии Хитой

 

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷаласа бахшида ба дастовардҳо дар самти камбизоатӣ изҳор намуд, ки дар давоми ҳашт соли охир 99 млн. нафар сокинони деҳот, 832 воҳиди ҳудуди маъмурӣ ва 128 ҳазор деҳа аз рӯйхати минтақаҳои камбизоат бароварда шудаанд. Ҳукумати Хитой барои мубориза дар ин самт тақрибан 246 млрд. доллар сарф намудааст.

Читать далее

Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин аз рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ вобаста ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар вобаста ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилона ва самараноки замин ва шиносоӣ аз вазъи иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин рӯзҳои 23-25 феврали соли 2021 ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода шуд.

Читать далее

Портали савдои интелектуалии Осиёи Марказӣ (CATI) расман ифтитоҳ гардид

Рӯзи 25 феврали соли 2021 бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ муаррифии расмии Портали савдои интелектуалии Осиёи Марказӣ (CATI) тариқи видеоконфронс аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ (МТБ) баргузор гардид.

Читать далее

24 Феврал 2021

Афзоиши қарзи давлатии Федератсияи Россия

Қарзи давлатии Федератсияи Россия дар соли 2020-ум 73,1 млрд. доллар зиёд шуда, ба 255,8 млрд. доллар баробар гардид, ки ин 17,8 фоизи ММД-и кишварро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон қарзи дохилӣ 62,3 млрд. доллар ё 45,4 фоиз афзоиш ёфта, 199 млрд. долларро ташкил дод. Қарзи хориҷӣ 1,9 млрд. доллар ё 3,5 фоиз зиёд гардида, ба 56,8 млрд. доллар расид.

Читать далее

23 Феврал 2021

Мулоқот бо Вазири кишварии (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ

 

 

 

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, пазируфтанд.

Читать далее

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Читать далее

Суханронӣ ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Читать далее

Бонки мардумии Хитой меъёри фоизиро бетағйир монд

Бонки мардумии Хитой 25 феврал меъёри фоизи қарзиро бо мақсади барқарорсозии иқтисодиёти кишвар пас аз бӯҳрон, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус ба амал омад, дар сатҳи 3,85 фоиз бетағйир монд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное