Все статьи

18 Ноябр 2020

Ҷаласаи 15-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

16 ноябри соли 2020 ҷаласаи 15-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ тавассути видеоконфронс баргузор гардид.

Читать далее

17 Ноябр 2020

Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло

Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло

Санаи таваллуд:

28 июли соли 1973

Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Маълумот: Олӣ

 

Хатмкардаи:

 

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:

Тоҷикӣ – озод,

Русӣ – озод.

Ихтисос: Иқтисодчӣ

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ш.Душанбе:

Иқтисодчӣ (бо дипломи аъло)

Кадом мукофоти давлатӣ дорад: «Хизмати шоиста», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2019, №1336

 

 

Собиқаи корӣ:

  1990 – 1995

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

1993-1995

Мутахассиси дараҷаи 2-юми шуъбаи сиёсат ва методологияи нархгузории Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

1995-1999

Мутахассиси дараҷаи 1-уми Раёсати сиёсати зиддимонополӣ, пулӣ, арзӣ ва қарзии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

1999-2001

Мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои давлатии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2001-2005

Мутахассиси пешбари Раёсати захираҳои давлатӣ, сафарбарӣ ва амволи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2005-2007

Сармутахассиси Раёсати захираҳои давлатӣ ва хариди давлатии Департаменти хариди давлатӣ ва савдои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2007-2010

Сармутахассиси Раёсати хариди давлатӣ, фаъолияти биржавӣ ва амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумњурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2010-2012

Сармутахассиси шуъбаи захираҳои сафарбарӣ ва хариди давлатии Сарраёсати таҳлили конъюнктураи бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2012-2013

Сардори Раёсати кадрҳо ва бахши махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

2013-2020

Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

                                2020 то ҳол – Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Читать далее

16 Ноябр 2020

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд

Рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар Вазрати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони вазорат ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд.

Читать далее

12 Ноябр 2020

Мулоқоти Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо Намояндагони Ассотсиатсияи «KOSHUMA»

12 ноябри соли 2020 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода А.С. бо ҳайати Корея таҳти роҳбарии Намояндаи Ассотсиатсияи «KOSHUMA» ҷаноби Ҷэ Бок Шин мулоқот намуданд. Инчунин дар мулоқоти мазкур Сафири Фавқулода ва Муҳтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул муҳтарам Шарифзода Ю. иштирок карданд.

Читать далее

Иштироки кормандон дар намоиши драмавии "Ишқи Ватан"

11 ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ" драмаи "Ишқи Ватан" баргузор гардид. Дар намоиши мазкур кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии патентии иттилоотӣ»-и вазорат иштирок намуданд. Намоиш ба ифтихори «75 солагии ғалаба дар ҷангӣ бузургӣ Ватанӣ» ва ба рӯзгори фаъоляти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ бахшида шуда буд.

Читать далее

10 Ноябр 2020

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Читать далее

05 Ноябр 2020

Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 ноябри соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Читать далее

04 Ноябр 2020

3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ (China International Import EXPO)

4 ноябри соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин тариқи видеоконфронс дар маросими ифтитоҳи 3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ (China International Import EXPO (CIIE)), ки таҳти роҳбарии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин баргузор гардид, иштирок намуд.

Читать далее

    

Читать далее