Все статьи
23 Март 2019
Боздид аз Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" - и ноҳияи Кӯшониён
- Подробности статьи
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ дар Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" - и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи мазкур соли 2009 ҳамчун субъекти хоҷагидор таъсис дода шуда, майдони умумии заминҳои кишти он беш аз 21 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон қариб ҳама намуди зироати кишоварзиро кишту парвариш мекунанд ва саҳми онҳо дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза назаррас аст.
Читать далееСуханронӣ дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав
- Подробности статьи
Ҳамватанони гиромӣ!
Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ин лаҳзаҳо, ки дар сартосари Ватани маҳбубамон тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд, кулли мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони шаҳри Бохтар ва ҳамаи шумо – устодону омӯзгорони гиромӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусравро ба ин муносибат табрик мегӯям.
Читать далее22 Март 2019
Суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар мавзӯи Наврӯз ғояи созандагӣ ва рушд
- Подробности статьи
Сараввал муҳтарам Вазир иштирокдоронро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, миннатдории худро барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабинии мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе изҳор намуданд.
Читать далееБа истифода супоридани факултаи сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар
- Подробности статьи
Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, дар маросими мавриди истифодабарӣ қарор додани Факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳ иштирок намуданд. Пешвои миллатро донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Читать далееГузоштани санги асоси Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар шаҳри Бохтар
- Подробности статьи
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати 3 гектар оғози расмӣ бахшида, бо Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардиданд.
Аснои муаррифии лоиҳаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии пружа бештар аз 10 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад ва он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ хоҳад гардид.
Читать далееБа истифода додани корхонаи равғанбарории «Ганҷ» дар ноҳияи Кӯшониён
- Подробности статьи
Рӯзи 23-юми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон- Қалъа ба фаъолияти бузургтарин корхонаи равғанбарорӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ», ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони як гектар сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.
Читать далееОғози сафари корӣ ба вилояти Хатлон
- Подробности статьи
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Читать далееИштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
Нимаи дуюми рӯзи 22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Читать далееСуханронӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.
Читать далее21 Март 2019
Иштирок дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
21 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иштирокчиёни «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” бо самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Читать далее