Все статьи
16 Март 2019
Иштирок дар муаррифии консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”
- Подробности статьи
15 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Оғози сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
15 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмонӣ варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуданд.
Ифтитоҳи Корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
15 март дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бисот” иштирок намуданд.
Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
15 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабули эътимодномаҳо аз 9 сафири нав
- Подробности статьи
15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
15 Март 2019
Мулоқотҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон
- Подробности статьи
13 ва 14 марти соли 2019 дар ҳошияи VII Форуми байналмилалии Боку, ки ҳарсола бо ташаббуси Маркази байналмилалии Низомии Ганҷавӣ баргузор мегардад, мулоқотҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ Шоҳин Мустафоев сурат гирифт.
14 Март 2019
Мулоқоти Ҷуразода Тоҷиддин бо Сафири Ҷумҳурии Шри-Ланка
- Подробности статьи
Имрӯз Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода, Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Шри-Ланка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Нурдин Муҳаммад Шаҳид ба ҳузур пазируфта, бо таъйин шуданаш ба ин мансаб табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар бозҳам густариш меёбад.
Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевал
- Подробности статьи
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевалро ба ҳузур пазируфтанд.