Все статьи

12 Сентябр 2018

Гузоштани санги асос барои бунёди 2 бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёнагӣ ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ оғоз бахшиданд.

Читать далее

Вохурии Вазир бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) барои Осиёи Марказӣ ҷаноби Виорел Гутсу, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.

Читать далее

Вохурии Вазир бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

Рӯзи 11 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки таҳти роҳбарии хонум Падамҷӣ Ханделвал ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.

Читать далее

Сафари корӣ вобаста ба ҷашнгирии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

 

 

Тибқи Рӯйхати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашнгирии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии бахшида ба 27 - умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ширкат варзид.

Читать далее

08 Сентябр 2018

Таҷлили ҷашни Истиқлоляти давлатӣ дар Вазорат

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои зертобеъ бахшида ба Ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Читать далее

24 Август 2018

Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Туркманистон

Рӯзи 24 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Читать далее

18 Август 2018

Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Субҳи 17 август соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Читать далее

16 Август 2018

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

10 августи соли 2018 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Загулба баргузор шуд.

Читать далее

03 Август 2018

Нишасти матбуотї дар нимсолаи якум соли 2018

 

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

  Дар ҷаласаи номбурда Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат ва муассисаҳои зертобеъ ширкат варзиданд.

Читать далее

11 Июн 2018

Баррасии ҳамкориҳо бо ҳайати «Гурӯҳи Енарр»

4 июни соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати «Гурӯҳи Енарр», ки таҳти роҳбарии раиси Гурӯҳи мазкур Шҳям Сингҳания ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Читать далее