Все статьи

27 Сентябр 2018

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.

Читать далее

Ифтитоҳи Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 26 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо бунёд карда шудааст, иштирок намуданд.

Читать далее

Ифтитоҳи Толори қабули меҳмонони расмӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

26 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Толори қабули меҳмонони расмии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ифтитоҳ карданд.

Читать далее

26 Сентябр 2018

Мулоқот бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфтанд.

Читать далее

Муаррифии соҳаҳои иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7-умин Мизи мудаввари Хитой

Рӯзи 26 сентябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон “7-умин Мизи мудаввари Хитой” баргузор гардид, ки дар кори он мавқеи кишварро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин муаррифиӣ намуд.

Читать далее

Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҷаноби Питер Фернандис Кардӣ.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сардори дафтари Вазорати рушди Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ (DFID)- Питер Фернандис Кардӣ, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.

Читать далее

24 Сентябр 2018

Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибха Меҳта

24 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо миссияи машваратии Барномаи рушди СММ тахти рохбарии хонум Пратибха Меҳта баргузор гардид.

Читать далее

21 Сентябр 2018

Ҷаласаи VII Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

21 сентябри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии 7-уми Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Читать далее

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 13-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ

 

Рӯзи 21 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи 13-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.

Читать далее

20 Сентябр 2018

Оғози бунёди нӯҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Читать далее