Все статьи

09 Март 2016

Семинар дар мавзӯи тиҷорати фарогир дар Тоҷикистон

«Тиҷорати фарогир дар Тоҷикистон – имкониятҳои нав ҷиҳати рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ» - таҳти чунин унвон 9 марти соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва бахши хусусӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Илёсиддин Камолиддинзода ва Роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, ҷаноби Си Си Ю бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, ба ширкаткунандагони семинар барору комёбӣ таманно карданд.

Читать далее

07 Март 2016

Таҷлили Рӯзи Модар дар Вазорат

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани табрикӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ карда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.

Читать далее

17 Феврал 2016

Мулоқоти Вазир бо Сафири Қазоқистон

Баррасии ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мавзӯи асосии мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе ҷаноби А. Смагулов гардид, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гашт.

В ходе встречи были обсуждены вопросы развития торгово-экономических отношений между Республикой Таджикистан и Республикой Казахстан.

Читать далее

15 Феврал 2016

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Британияи Кабир

15 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ вохӯрии Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири давлатии рушди байналмилалии (DFID) Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷаноби Десмонд Свейн ва мудири Раёсати кишварҳои Осиё, Кариб ва кишварҳои Иттиҳоди британиявии Вазорати рушди байналмилалӣ ҷаноби Ричард Монтгомери доир гардид.

Читать далее

11 Феврал 2016

Созишномаҳои грантӣ имзо гардид

Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардида буданд, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо 11 феврали соли ҷорӣ маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ барои солҳои 2014-2015 ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир ба ҳамкориҳои техникӣ барои солҳои 2014-2015 баргузор гардид.

Читать далее

28 Январ 2016

29 Декабр 2015

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон дар Вазорат

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2015 дар Вазорати рушди иктисод ва савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлаталӣ Саид баргузор гардид. 

Читать далее

24 Декабр 2015

Вохӯрии Вазир бо сафири Ҳиндустон

24 декабри соли 2015 мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Бираҷа Прасад баргузор гардид. 

Читать далее

22 Декабр 2015

Баррасии ҳамкориҳо бо Ши Даган

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Зеркомиссияи муштараки Тоҷикистону ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури (НМСУ) Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки таҳти роҳбарии Ши Даган Муовини Раиси ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури (НМСУ) Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид. 

Читать далее