Все статьи
12 Май 2016
Тасдиқи ангораи шоҳҷоизаҳо ва нишони хотиравии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
- Подробности статьи
Дар асоси банди 6 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 феврали соли 2016, №АП-681 ва моддаи 8 «Қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» шоҳҷоизаҳо ва нишони хотиравӣ тасдиқ карда шуданд.
Читать далее04 Май 2016
Тасдиқи рамзи ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд. Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.
Читать далее29 Апрел 2016
Вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо
- Подробности статьи
Имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мусоидати Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазир Саидраҳмон Назризода ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир гардид.
Читать далее25 Апрел 2016
Рӯзи ихтироъкорону навоварон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ муборак ҳамдиёрони азиз!
- Подробности статьи
Ҳамдиёрони азиз!
Иҷозат фармоед, Шуморо ва дар симои Шумо, тамоми ихтироъкорону навоварон, адибону рассомон, санъаткорону нависандагон ва умуман ҳамаи онҳоеро, ки дар рушди моликияти зеҳнӣ саҳмгузор ҳастанд, ба муносибати “Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон” ва “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори хушу хонаи ободро таманно намоям.
Читать далее22 Апрел 2016
Баррасии ҳамкориҳо бо Холид Ғоним Ал Ғайс
- Подробности статьи
22 апрели соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъмутулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти роҳбарии Холид Ғоним Ал Ғайс - Муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои иқтисодии АМА баргузор гардид.
Читать далее21 Апрел 2016
Баррасии ҳамкориҳо бо Намояндагони Иттиҳоди Аврупо
- Подробности статьи
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Намояндаи махсуси он дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Питер Буриан баргузор гардид.
Читать далее19 Апрел 2016
Мулоқот бо намояндагони корпоратсияи исломӣ оид ба рушди хусусӣ
- Подробности статьи
20 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Муовини Вазир Камолиддинзода Илёсиддин бо ҳайати намояндагони Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ таҳти Роҳбарии хонум Нидо Раза, ки бо мақсади роҳандозии фаъолиятҳои машваратӣ барои ташкилотҳои молиявӣ (Барномаи IFI), Сукук ва барномаҳои бозорӣ (Барномаи SCM) ва дастгирии саноату бахши хусусӣ (Барномаи IBES), инчунин дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳо бо сохторҳои давлатию хусусӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Читать далее15 Апрел 2016
Вохӯрӣ бо Элизабет Инга Миллард
- Подробности статьи
15 апрели cоли 2016 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Элизабет Инга Миллардро ба ҳузур пазируфт.
Читать далее11 Март 2016
Мулоқоти Вазир бо сафирон
- Подробности статьи
10 марти соли 2016 Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар оғози вохӯрӣ Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Маҷористон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Остона) ҷаноби Андраш Бараниро барои ташриф ва таъйин шуданаш ба ин мақом муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуд, ки аз ин пас робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар густариши бештар касб хоҳад кард.
Читать далееВохӯрии Вазир бо Ингрид Терсман
- Подробности статьи
Нимаи дуюми рӯзи 11 марти соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия, (бо иқоматгоҳаш дар ш.Стокголм) хонум Ингрид Терсманро ба ҳузур пазируфт.
Иқтисод ва тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, рушди туризм ва ғайра аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти Н.Ҳикматуллозода ва хонум И.Терсман маҳсуб меёфт.
Читать далее