Все статьи

05 Июн 2014

Ҷаласаи чоруми комиссияи байниҳукуматӣ дар Вазорат

Бо мақсади рушди ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша 5 июни соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Читать далее

04 Июн 2014

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Гурҷистон

Ба роҳ мондани асосҳои ҳуқуқию шартномавӣ ва ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурҷистон аз мавзуъҳои калидӣ дар мулоқоти имрӯзаи Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ин кишвар Константин Жгентӣ маҳсуб гардид.

Читать далее

20 Май 2014

Семинари омӯзишӣ

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо семинари омӯзишӣ бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ таҳти унвони «Нақш ва мақоми ВАО дар раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ» доир гардид. 

Читать далее

19 Май 2014

Мулоқот бо намояндагони Афғонистон

19 майи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Вазир, Шариф Раҳимзода бо ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Вазири тиҷорат ва саноеи ин кишвар, ҷаноби Муҳаммад Шокир Коргар ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Читать далее

15 Май 2014

Вохӯрӣ бо Намояндаи доимии БРСММ

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон, ҷаноби Александр Зуев сурат гирифт.

Читать далее

29 Апрел 2014

Баррасии ҳамкориҳо бо Австралия

29-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Вазир, Умед Давлатзод бо Сафири фавқулодда ва мухтори Австралия дар Федератсияи Россия, ҷаноби Пол Майлер сурат гирифт. 

Читать далее

17 Апрел 2014

Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара дар вазорат

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид. 

Читать далее

16 Апрел 2014

Баррасии ҳамкорӣ бо коршиносони БРАО

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини аввали Вазир Неъматҷон Буриев бо ҳайати коршиносони Бонки рушди Авруосиё-мудирияти маблағҳои Хазинаи зиддибуҳронӣ таҳти роҳбарии Алишер Мирзоев баргузор гардид. 

Читать далее

08 Апрел 2014

Таҷлили Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорат

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд. 

Читать далее

04 Апрел 2014

Мулоқоти Вазир бо Юрий Морару

Омодагӣ ба ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Швейтсария, ки баргузории он дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст ва гузаронидани бизнес-форум бо иштироки соҳибкорони ҳарду кишвар дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ аз мавзуъҳои калидии мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо узви мудирияти Кумитаи иҷроияи Палатаи муштараки савдои Швейтсария-Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаноби Юрий Морару маҳсуб ёфтанд, ки нимаи дуюми 3-юми апрели соли ҷорӣ дар Вазорат рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид. 

Читать далее