Навиди иқтисодӣ

Маблағгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус

.

Дар давраи пандемияи коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 500 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ва зиёда аз 8 млн. шаҳрвандон тахминан 30 трлн. сӯм (29,4 млрд. доллар) имтиёз ва сабукӣ гирифтанд.

Паст кардани тарифҳои барқ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вақти истифодабарии шабона

.

Мақомоти Ӯзбекистон дар давраи аз соати 10-и шаб то 6-и саҳар, тарифҳои нерӯи барқро барои субъектҳои иқтисодӣ ва соҳибкороне, ки бо иқтидори то 750 кВА дар се баст фаъолият мекунанд, 1,5 маротиба паст кард.

Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ дар Федератсияи Россия баланд карда шуд

.

Мувофиқи портали расмии интернетӣ Президенти Федератсияи Россия фармон оид ба баланд бардоштани музди меҳнатии хизматчиёни давлатиро ба андозаи 3 фоиз аз 1-уми октябри соли 2020 ба имзо расонид.