Навиди иқтисодӣ

Тасдиқ гардидани боҷи содиротии ғалладонагиҳо

.

Мутобиқи формулаи ҳисобе, ки Сарвазири Федератсияи Россия тасдиқ кардааст, дар ҳолати то 200 доллари ИМА ташкил додани нархи содиротии 1 тонна гандум боҷ ситонида намешавад.

Дар мавриди аз ин сатҳ зиёд будани меъёр аз 70 фоизи фарқияти нархи ҷаҳонӣ ва базавӣ боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.

Барои ҷав ва ҷуворимакка чунин меъёр дар сатҳи 185 доллари ИМА барои як тонна муқаррар карда шудааст.

Амали мазкур барои пешгирии баландшавии нархи ғалладонагӣ дар бозори дохилӣ ҳангоми афзоиши нархи онҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Тавсияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Федератсияи Россия оид ба паст кардани меъёри фоизӣ

.

Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ба Бонки Марказии Федератсияи Россия (ФР) тавсия дод, ки меъёри фоизиро дар соли 2021-ум 0,5 банди фоизӣ паст кунад.

Аз рӯи арзёбии ХБА таваррум дар ФР то охири соли 2021 3,5 фоизро ташкил медиҳад. Бонки Марказии ин кишвар таваррумро то охири сол 3,5-4 фоиз баҳодиҳӣ мекунад.

Бонки марказии ФР бори аввал дар соли 2020 барои дастгирии сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 меъёри фоизиро то 4,25 фоизи солона паст намуд. Дар охири соли 2020 таваррум дар ФР 4,9 фоизро ташкил дод, дар ҳоле ки дар соли 2019 он 3 фоиз буд. Дар моҳи январ таваррум 5,2 фоизро ташкил кард.

Афзоиши рекордии нархи Биткоин

.

Тибқи маълумоти портали Коин Маркет Кеп (CoinMarketCap) нархи як Биткойн ба 44000 доллар баробар гардида, ба сатҳи рекордӣ расид. Сабаби асосии он сармоягузории ширкати Тесла (Tesla) ба ин намуд асъор ба миқдори 1,5 млрд. доллар мебошад.

Бозори криптоасъор дар маҷмӯъ тамоюли болоравӣ дорад. Ҳаҷми умумии сармояи бозори криптоасъор дар ин давра ба 1,3 трлн. доллар расидааст.