Аз байн рафтани фақри шадид дар Ҷумҳурии Халқии Хитой
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷаласа бахшида ба дастовардҳо дар самти камбизоатӣ изҳор намуд, ки дар давоми ҳашт соли охир 99 млн. нафар сокинони деҳот, 832 воҳиди ҳудуди маъмурӣ ва 128 ҳазор деҳа аз рӯйхати минтақаҳои камбизоат бароварда шудаанд. Ҳукумати Хитой барои мубориза дар ин самт тақрибан 246 млрд. доллар сарф намудааст.