Коҳишёбии нархи тилло дар ҷаҳон
Тибқи маълумоти савдои биржавӣ, нархи тилло дар шароити болоравии қурби доллар ва даромаднокии вомбаргҳои давлатии ИМА коҳиш ёфта истодааст.
Нархи фючерси тилло дар биржаи Комекс (Comex) 0,82 фоиз ё 14,3 доллар коҳиш ёфта, арзиши 1 унсияи троянии тилло ба 1743,7 доллар баробар шуд. Нархи нуқра бошад 1,1 фоиз ё 25,3 доллар коҳиш ёфтааст.
Индекси доллар ба андозаи 0,2 фоиз боло рафт.