Навиди иқтисодӣ

Баҳодиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба рушди иқтисоди ҷаҳон ва коҳишёбии даромад дар Иттиҳоди Аврупо

.

Тибқи баҳодиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар соли 2021 рушди иқтисоди ҷаҳон 5,5 фоиз ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 4,2 фоиз пешбинӣ шудааст.

Омӯзиши ҷорӣ намудани доллари рақамӣ аз ҷониби Низоми захираҳои федералии ИМА

.

Роҳбари Низоми захираҳои федералии ИМА изҳор намуд, ки масъалаи ҷорӣ намудани доллари рақамиро ба таври ҷиддӣ омӯхтан лозим аст, ки ба низоми бонкӣ таъсири манфӣ нарасонад.

Афзоиши сармоягузории Федератсияи Россия ба вомбаргҳои давлатии ИМА

.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ИМА, сармоягузории Федератсияи Россия ба вомбаргҳои давлатии ИМА моҳи декабри соли 2020 аз 4,9 млрд. доллар то 6 млрд. доллар афзоиш ёфт, ки аз ин вомбаргҳои дарозмуддат 1,2 млрд. доллар ва вомбаргҳои кутоҳмуддат 4,8 млрд. долларро ташкил медиҳад.