Пешгӯиҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба вазъи иқтисодӣ ҷаҳон
Тибқи маълумоти «Вести Экономика» Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар арафаи форуми Давос дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳон ва кишварҳои алоҳидаро таҷдиди назар кард. ХБА дар асоси ҳисоботи «Дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳон» барқароршавии дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро то 3,3 фоиз (баҳодиҳии соли 2019-ум 2,9 фоиз) пешгӯӣ менамояд, ки нисбат ба баҳодиҳии моҳи октябри соли 2019 (3,4 фоиз) 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.