Навиди иқтисодӣ

Бонки Осиёии Рушд (БОР) зарари пандемияи коронавирус дар ҷаҳонро арзёбӣ намуд

.

Бонки Осиёии Рушд изҳор намуд, ки бо назардошти пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ҳаҷми зарар 4,1 трлн. доллар ё тақрибан 5,0 фоизи маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ арзёбӣ гардидааст.

Афзоиши сатҳи бекорӣ дар Британияи Кабир

.

Идораи миллии омори Британия хабар медиҳад, ки дар моҳҳҳои сентябр-ноябр шумораи аҳолии бо кор машғулбуда 208 ҳазор нафар афзоиш ёфта то 32,9 млн нафар расид.

Нишондиҳандаи аҳолии бо кор машғулбуда ба сатҳи рекордии 76,3 фоиз расид.

Инчунин шумораи бекорон 7 ҳазор нафар коҳиш ёфта, то 1,3 млн. нафарро ташкил дод. Сатҳи бекорӣ 3,8 фоиз боқӣ монд, ки ин нишондиҳандаи пасттарин аз соли 1975 мебошад.

Дар моҳҳои сентябр-ноябр музди меҳнат бо мукофотпулӣ 3,2 фоиз афзоиш ёфт, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар 3 соли охир ба ҳисоб меравад. 

www.vestifinance.ru