Навиди иқтисодӣ

Коҳишёбии шумораи ҷойҳои нави кории таъсисёбанда аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ дар Хитой

.

Шумораи ҷойҳои нави кории пешниҳодшуда аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ дар Хитой фаъолияткунанда дар семоҳаи сеюми соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз кам шудааст.

Бастани Созишномаи савдои муваққатӣ дар Чили аз ҷониби Роҳбарони ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

Мутобиқи маълумоти нашрияи «South China Morning Post» Президенти ИМА ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой 17 ноябри соли 2019 пас аз нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (АТЭС) дар пойтахти Чили барои бастани Созишномаи савдои муваққатӣ мулоқот хоҳанд намуд.

Рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА

.

Ҳарчанд рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА дар семоҳаи сеюм нисбат ба семоҳаи дуюм сусттар шуда бошад ҳам, вале бо назардошти муътадилии хароҷоти истеъмолӣ аз пешгӯии таҳлилгарон зиёдтар таъмин гардид.