Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус

.

Имрӯз, 5 апрели соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Крупко Иван Иванович баргузор гардид.

Завқизода Завқӣ Амин зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Лукашенко Александр Григоревич муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Қайд гардид, ки Беларус яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 54,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 25,9 миллион доллар ё 1,9 маротиба афзоиш ёфт.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона  баргузор гардид, ҷонибҳо масъаслаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ, ширӣ ва васлу насби мошинҳои «МАЗ» дар ҳудиди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

 Дар охири вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.