Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Венгрия
7 апрели соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Венгрия Петер Сиййарто вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ Завқизода Завқи Амин қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Венгрия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва доруворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули назар намуданд.
Ҷониби Венгрия иттилоъ дод, ки Бонки содиротӣ - воридотии ин кишвар омодааст квота дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА – ро бо имтиёзҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории таъсиси корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва амалиёти савдои хориҷӣ ҷудо намояд.
Инчунин ҷонибҳо аз таъсис ёфтани Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия истиқбол карда, нақшаи худро барои ҳарчи зудтар ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи нахустини он пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳор намуданд.