Навиди Вазорат



Сеюмин семинари минтақавии виртуалӣ дар мавзӯи «Татбиқи харитаи роҳ оид ба рушди долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд

.

20 апрели соли 2021, сеюмин семинари минтақавии виртуалӣ оид ба татбиқи харитаи роҳ барои рушди долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд тавассути видеоконференсия таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур намояндагони Бонки Осиёии Рушд (БОР), роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои иштироккунандаи долони иқтисодӣ ва инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.

Абдураҳмонзода А.С. дар бораи вазъи кунунии тиҷоративу иқтисодии кишвар, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар савдои байналмилалӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чораҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамчунин оиди лоиҳаи амалишудаи БОР "Долони иқтисодӣ байни шаҳрҳои Чимкент, Тошканд ва Хуҷанд" баён дошт .

Дар лоиҳаи мазкур, татбиқи кӯмаки техникӣ ба итмом расида, харитаи роҳ барои рушди долони иқтисодӣ таҳия шудааст, ки потенсиали рушди долони иқтисодӣ байни Чимкент, Тошканд ва Хуҷанд (ДИЧТХ) ва минтақаҳои шафати он, инчунин пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Таъсиси маркази логистикӣ ва савдо дар вилояти Суғд"- ро арзёбӣ менамояд.

 Ҳадафи лоиҳаи мазкур ҳавасмандгардонии тиҷорати байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон буда, ба рушду такмили ҳамкориҳои иқтисодии байнимарзӣ, рушди минтақаҳои наздисарҳадӣ ва хидматрасонии савдо ва логистикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.