Иҷлосияи 69-уми Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) оид ба Пешбурди иқтисоди даврӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ
20-21 апрели соли 2021 бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ Иҷлосияи 69-уми Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) оид ба Пешбурди иқтисоди даврӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории Иҷлосия ин табодули афкор оид ба Пешбурди иқтисоди даврӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар минтақаи Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо, инчунин ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Абдураҳмонзода А. С. вобаста ба масъалаҳои иқтисоди даврӣ, ҳадафҳои рушди устувор, инчунин саноатикунонии босуръати кишвар суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, дар он афзалиятҳо вобаста ба тақвият ва содагардонии савдо, пешбурди содирот ва диверсификатсия, беҳтар намудани сармоягузории иқлим ва ҳамгироӣ ба иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳон муайян карда шудаанд.
Ҳамзамон қайд карданд, ки Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, бо мақсади иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки бо дар назар доштани аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, таҳия карда шудааст.
Дар чорабинии мазкур инчунин ҳайатҳо аз кишварҳои аъзо дар сатҳи вазирон, муовинони вазирон ва намояндагони ташкилотҳои байналмималӣ иштирок доштанд.