Навиди Вазорат



Вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

23 апрели солӣ 2021 дар ҳошияи вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Арипов Аблулла мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кудратов Лазиз Шавкатович баргузор гардид.

 Дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ натиҷагирӣ карда, барои омодагӣ ба комиссия навбатӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкант баргузор мегардад, андешаронӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ муҳокима намуда, вобаста ба ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ пешниҳодҳои мушаххасро ҷонибдорӣ карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам бештар тақвият додани корҳо дар самтҳои қайдшуда ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда омодагии худро баён намуданд.