Навиди Вазорат



Иштирок дар ҷаласаи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Осиё ва Уқёнуси Ором

.

 

 

 

Рӯзҳои 26-27 апрели соли 2021 ҷаласаи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Осиё ва Уқёнуси Ором зери унвони “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули" аз пештара ҳам беҳтар тавассути ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

26 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ҷаласа суханронӣ намуда, баргузории чорабиниро бо назардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири пандемияи коронавируси COVID-19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки имрӯз дар дунё кишвар ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи COVID-19 эмин монда бошад. Рушди иқтисодӣ, буҷети давлатӣ, гардиши тиҷорати хориҷӣ, қурби асъори миллӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии тамоми кишварҳои дунё аз таъсири манфии пандемия зарар дида истодаанд. Илова бар ин, пандемия омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар миқёси ҷаҳонӣ шудааст, ки метавонад кишварҳои мухталифро бо мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад.

Инчунин дар қисмати дуюми ҷаласа рӯзӣ 27 апрели соли ҷорӣ Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ вобаста ба ташаббусҳои роҳандозигардида оид ба коҳиш додани таъсири манфии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва бартараф намудани оқибатҳои он баромад намуд.

Абдураҳмонзода А.С. қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи мазкур як қатор тадбирҳои назаррас андешида шудааст, ки дар натиҷаи он ММД дар соли 2020 82,5 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод.

Ҳамзамон қайд гардид, ки барои беҳтар намудани фазои иқтисодӣ ва низоми тиҷоратӣ, инчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии COVID-19 тақвияти ҳамкориҳои муштараки минтақавӣ зарур мебошад.