Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодӣ дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон иштирок намуд
6 августи соли 2021 дар ҳошияи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи сайёҳии “Аваза”, шаҳри Туркманбошии Туркманистон Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З.А. иштирок ва суханронӣ намуд.
Форуми мазкурро муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ифтитоҳ кард.
Завқизода З.А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи афзалиятноки аввалиндараҷа медиҳанд.
Вобаста ба ин зикр гардид, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро доро буда, Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ тадбирҳоро оид ба татбиқи Барномаҳои байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин якчанд харитаи роҳ доир ба афзоиши гардиши савдо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ менамояд. Дар натиҷа ҳиссаи тиҷорати молҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гардиши савдои хориҷии кишвар то 28,3 фоиз зиёд шудааст.
Завқизода З.А. имкониятҳои васеи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар соҳаҳои нақлиет ва логистика ва Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер Шофақир дар соҳаҳои обу энергетика муаррифӣ намуда, таклифҳои судманд пешниҳод карданд.
Иловатан ба 20 Созишномаҳои байнидавлатии 2 рӯз пеш баимзорасида дар доираи Форуми мазкур аз ҷониби корхонаву муассисаҳои кишвар бо шарикони туркманистонии худ 4 созишномаҳову меморандум ба имзо расонида шуд, аз ҷумла оид ба воридоти 50 ҳазор тонна кокси нафтӣ, 50 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, маҳсулоти кимиёвӣ ва нуриҳои минералӣ ба Тоҷикистон ва содироти 10 ҳазор тонна алюминий дар як сол ба Туркманистон, инчунин пешниҳоди тарофаҳои рақобатпазир барои интиқол ва транзити молу маҳсулот тавассути роҳи оҳан.
Дар Форум мубодилаи афкор ва муҳокимаи васеъ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ва амиқсозии равандҳои ҳамгироӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишварҳо сурат гирифт.
Дар охир ҳайати Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои Форуми имрӯза барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мусоидат менамояд.