Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон
10 августи соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З.А. қайд намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон решаҳои тӯлонӣ ва амиқ дошта, ин ҳамкории стратегӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон боз ҳам ба сатҳи сифатан нав баромадааст. Хусусан сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар ҷараёни он 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, тасдиқи қайдҳои боло ба шумор меравад.
Қайд гардид, ки дар 6 моҳи соли 2021 тадриҷан барқароршавии гардиши савдо миёни кишварҳои мо мушоҳида мешавад. Дар ин давра ин нишондиҳанда ба 18,9 млн.доллари ИМА расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 6,3%афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни кишварҳои моро инъикос накарда, ҳоло ҳам имкониятҳои зиёди истифодаи ин иқтидорҳо вуҷуд доранд.
Завқизода З.А. якчанд самтҳои афзалиятноки ҳамкории ояндаи мутақобилан судманд, бахусус таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр бо арзиши иловашуда дар соҳаҳои нассоҷӣ ва фармасевтӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати дуҷониба пешниҳод намуд, ки ҷониби Покистон хуш пазируфт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.