Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири саноат ва технологияҳои Туркия
13 октябри соли 2021 дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки рӯзҳои 11-13 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири саноат ва технологияҳои Туркия Мустафо Варанк дар фазои дӯстиву бародарӣ сурат гирифта, дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар, ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З. А. пеш аз ҳама Вазири саноат ва технологияҳои Туркияро хайромақдам гуфта, дар рафти суханронии худ қайд намуд, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Боиси хушнудист, ки дар 8 моҳи соли 2021 тиҷорати дуҷониба байни кишварҳои мо 15,3 фоиз афзоиш ёфта, 58 фоизи ҳаҷми умумии он ба содироти Тоҷикистон рост меояд.
Завқизода З. А. ҷиҳати боз ҳам рушд додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли молҳои нассоҷӣ, электрикӣ, пойафзолу маҳсулоти чармӣ ва шустушуӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таъсис дода шаванд, ки аз ҷониби Туркия хуш пазируфта шуд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ таъсиси Гурӯҳи корӣ доир ба омодасозии Харитаи роҳ оид ба афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия то ба 1 миллиард доллари ИМА, ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар, зиёд намудани шумораи парвозҳои мустақим миёни давлатҳо, инчунин масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.