Навиди Вазорат



Вохӯрии ҳайати расмии кишвар бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) хонум Ребека Гринспан

.

Рӯзи 7 декабри соли равон ҳайати расмии кишвар бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд хонум Ребека Гринспан дар шаҳри Женеваи Швейтсария вохӯрӣ намуд.

 

Ҳайати расмии кишварро Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Файзуллозода М.У., Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А.С., Муовини якуми Директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Р., Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ, Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Ф. ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ самтҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд ва низоми автоматии маълумоти гумрукӣ баррасӣ гардиданд.

Завқизода З.А барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миннатдорӣ баён намуда, дархост кард, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва дигар самтҳои афзалиятнок кумакҳои худро бештар намояд, ки аз он ҷониб дастгирӣ ёфт.