Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин Тафсири сиёсати савдои худро дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) муаррифӣ намуд
Рӯзҳои 6-8 декабри соли 2021 ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки ҳайати расмии кишвар зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардиданд.
Ҳайати расмии кишварро Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Файзуллозода М.У., Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А.С., Муовини якуми Директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Р., Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ, Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Ф. ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намудаанд.
Ҳамзамон Завқизода З. А. баён намуд, ки баъди узвият дар СУС дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфи назар аз таъсири паёмадҳои омилҳои берунӣ вобаста ба буҳронҳои иктисодию молиявӣ, низоҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ҳаҷми содирот ду маротиба, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 маротиба ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуданд.
Роҳбари ҳайати расмии кишвар вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодии кишвар дар давоми қариб 9 соли узвият дар СУС маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба зиёда аз 156 саволҳо ва изҳоротҳои кишварҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Россия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Канада, Ҳиндустон, Исландия, Сингапур, Аргентина, Украина, Доминикан, Туркия ва Қазоқистон посух дод.
Раисикунандаи ҷаласаҳо сафири Ботсвана дар назди СУС ва муҳокимакунандаи (дискаснт) якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои номбурда Сафири Корея Таеҳо Ли дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти савдо, бахусус содагардонии расмиёти савдо ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин созмони байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС дар ташаббусҳои глобалии савдо фаъолона иштирок карда, рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар ин давра 7 фоиз ва рушди миёнасолонаи савдоро 10% таъмин намуд.
Намояндагони кишварҳои аъзо, аз қабили Федератсияи Россия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Туркия, Сингапур, Аргентина, Канада, Казоқистон, Исландия, Украина ва Доминикан дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 30 соли истиқлолият, бахусус дар давоми қариб 9 соли узвият дар СУС натиҷабахш арзёбӣ намуда, иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистонро дар назди СУС тавсиф карданд. Дар охир кишварҳои аъзо ба Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи савдо ва иштирок дар низоми байналмилалии савдо мувафаққият ва бурдбориҳо орзу намуданд.