Навиди Вазорат



Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар 5-умин Саммити Иқтисодии Истанбул

.

Санаи 10 декабри соли 2021 бо мақсади иштирок дар 5-умин Саммити Иқтисодии Истанбул Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ба шаҳри Истанбули Туркия сафарбар шуд.

Чорабинии мазкур зери унвони “Иқтисодиёти Сабз” ташкил гардида, дар кори он, инчунин мавзуҳои “Муҳимияти Ҳадафҳои Рушди Устувори Иқтисоди Сабз”, “Раванди тағйир ва табдилёбии энергияи барқароршавандаи ҷаҳонӣ”, “Таъсири экотуризм ба иқтисодиёти муҳити зист, ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ”, “Тағйир додани экосистемаи мобилӣ ва ояндаи худмухтори мо”, Табдил додани электрификатсия дар саноати автомобилӣ”, “Чӣ гуна муомилоти сабз ва маблағгузории сабз тавозуни иқтисоди ҷаҳонро тағйир медиҳанд?” ва “Тавозуни нав дар занҷири шикастаи таъминот бо Ковид-19” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Дар панелҳои дахлдор Абдураҳмонзода А.С. суханронӣ намуда, ба иштирокчиён маълумоти мушаххасро вобаста ба 4 ташаббусҳои башардӯстонаи сатҳи глобалии пешниҳоднамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об, алалхусус пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, инчунин пешниҳод ҷиҳати эълон гардидани соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо манзур кард.

Ҳамзамон Абдураҳмонзода А.С. вобаста ба дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт иттилоъ дода, аз иштирокчиёни чорабинӣ, сармоягузоронва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки кишвар даъват ба амал овард.