Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лени Монтиел

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

15 феврали соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лени Монтиел баргузор гардид.

Завқизода З. А. Лени Монтиелро ба муносибати ба вазифаи намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон табрик карда, ба ӯ муваффақиятҳо арз намуд.

Љонибњо ҳамкориҳои дутарафаро дар самтњои мусоидат барои амалигардонии њадафу афзалиятњои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиќи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи маҳал ва амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор муњим арзёбӣ намуданд. 

Пешнињод гардид, ки дар лоињаи Барномаи кишварии БРСММ барои солҳои 2021-2025 рушди устувор, њадафу афзалиятњои стратегии Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди иќтисоди сабз ва иќтисоди раќамї ба инобат гирифта шаванд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное