Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳаи рақамикунонӣ ва иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Корея

.

12 январи соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳаи рақамикунонӣ ва иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфтааст.

Дар рафти вохӯрӣ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисоди рақамӣ, сеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ маълумоти дахлдор муҳокима гардида, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба намояндагони Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби Завқизода З. А. вобаста ба рушди соҳаи иқтисоди рақамӣ, таъсиси Маркази «Рақамикунонии низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ» барои татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ҷорӣ намудани низоми муосири мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

Вохӯрӣ дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.