Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Мудири Департаменти Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба Россия, шарикони шарқӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва САҲА вохӯрӣ намуд
Рӯзи 23 феврали соли 2023 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати расмии Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Мудири Департаменти Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба Россия, шарикони шарқӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва САҲА ҷаноби Люк Девин вохӯрӣ баргузор намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвият додани ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Дар натиҷа ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022-юм 490,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2021-ум 53,7 миллион доллари ИМА ё 12,3 фоиз афзоиш ёфт. Аммо бо назардошти захираву имкониятҳои васеи ҷонибҳо ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад.
Бинобар ин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба тезонидани раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GSP+), ҷалби бештари бештари маблағҳо ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рафти амалишавии Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027 мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027 ба соҳаҳои иқтисоди сабзу рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва тиҷорати электронӣ афзалияти аввалиндараҷа дода шавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.