Навиди Вазорат



Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар нахустин нишасти вазирони масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷӣ “Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ”

.

18 апрели соли 2023 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар нахустин нишасти вазирони масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷӣ “Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” дар шакли видеоконфронс иштирок намуд.

Завқизода З. А. дар нишаст суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.

Ҷаласаи мазкур барои дарёфти имкониятҳои ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳо равона шуда буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса медиҳад.

Ҷумҳурии Мардумии Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва яке аз сармоягузорони бузургтарин барои бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Инчунин Завқизода З. А. дар ҷаласаи мазкур вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, тиҷорати рақамӣ сармоягузорӣ, рушди нақлиёту логистика, сохтмони роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан, бахусус таъсиси корхонаҳои электромобил дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ”, “Неругоҳҳои барқии оби” ва ҷорӣ намудани низоми “Савдои электронӣ” пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.

Дар анҷоми ҷаласа намояндагони кишварҳои ширкаткунанда омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариши додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.