Дар вохӯрӣ байни Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ҷудо намудани беш аз 450 миллион доллар ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар муҳокима гардид
12 майи соли 2023 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) доктор Муҳаммад Сулайман ал Ҷассер дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо Гурӯҳи БИР то ба сатҳи баланд рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон БИР - ро ҳамчун шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ рафти татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима карданд.
Дар робита ба ин Завқизода З. А. баъди муаррифии имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ва изҳори минатдорӣ аз Президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, бахусус лоиҳаҳои сохтмони НБО “Роғун”, роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ - Дустӣ, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори бахши хусусӣ ва пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим маблағгузориро зиёд намояд.
Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Қайд гардид, ки БИР барои маблағгузории лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” дар соли ҷорӣ ҷудо намудани 150 млн. доллари амрикоиро пешбинӣ намудааст ва ҷиҳати минбаъд зиёд намудани маблағгузории ин лоиҳа якҷо бо Гурӯҳи Ҳамоҳангсози Араб ва фондҳои рушди дахлдор корбарӣ дорад.
Ҷониби БИР иттилоъ дод, ки бо мақсади татбиқи якчанд лоиҳаҳо, инчунин таҳияи стратегияи нави ҳамкорӣ якчанд ҳайати расмии Бонк дар давоми моҳҳои май - июн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.
Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн. доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Дар доираи гуфтушунидҳои охир аз ҷониби Гурӯҳи БИР барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар ҷудо намудани беш аз 450 миллион доллар пешбинӣ гардидааст.
Дар охир ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳоиминбаъдаомодагии худро баён намуданд.