Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии байналмилалии Санкт – Петербурги Федератсияи Россия иштирок намуд
16 июни соли 2023 Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори генералии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Мирзо Муҳаммад Файзуллозода дар Форуми иқтисодии байналмилалии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок намуд.
Форуми мазкур чорабинии солонаи тиҷоратии Россия дар соҳаи иқтисод ба ҳисоб рафта, аз соли 2005 то инҷониб дар шаҳри Санкт-Петербург бо иштироки Президенти Федератсияи Россия баргузор мегардад. Иштирокчиёни Форуми мазкур роҳбарони ширкатҳои бузурги Россияву берун аз он, роҳбарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳо, муовинони сарвазир ва вазирон буда, ҳамасола дар рафти он садҳо Созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Дар доираи Форуми мазкур вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия - Максим Геннадиевич Решетников баргузор гардид, ки дар он иҷрои протоколҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин ҳамкориҳои дуҷониба бомаротиб рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стартегии боэътимоду дустона баромаданд.
Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки Россия калонтарин шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, даҳ соли охир инҷониб дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дорад.
Дар натиҷа, дар соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳо 1674 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021-ум 321 миллион доллар ё 23,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин тамоюл дар 5 моҳи соли 2023 идома ёфта, гардиши савдои дуҷониба 16 фоиз рушд намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои татбиқи созишномаҳои сармоягузории дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Россия ба имзо расида талоши бештар менамоянд.
Ҷонибҳо вобаста ба сафари дарпешистодаи Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия - Марат Шакирзянович Хуснуллин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-20 июни соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, изҳори омодагӣ намуданд.
Илова бар ин дар доираи чорабинии мазкур бо мақсади ҷалби сармояи Федератсияи Россия бо роҳбарони корхонаҳои саноатии Федератсияи Россия вохӯриҳо баргузор гардиданд.