Муарифии натиҷаҳои Лоиҳаи ҳаракати «Як деҳа – як маҳсулот» (OVOP)
19 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Муовини якуми вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо Намояндаи доимии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Имаи Сейҷу, иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд дар доираи Лоиҳаи ҳаракати «Як деҳа – як маҳсулот» (OVOP) дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Солеҳзода А. А. ҷаласаро оғоз намуда, вобаста ба ҳамкориҳо бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) махсусан оиди лоиҳаи қайдгардида суханронӣ карда, кайд намуд, ки ҳаракати OVOP дар кишварҳои гуногун ба муваффақиятҳо ноил гаштааст ва ҳоло ба Осиёи Марказӣ ворид гашта, дар марҳилаи рушд қарор дорад. Ҳаракати OVOP дар Тоҷикистон метавонад як воситае бошад, ки барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорию ҳунармандӣ, бахусус дар деҳоти дурдаст мусоидат намояд.
Дар раванди ҷаласа қайд гардид, ки ҳаракати OVOP дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва JICA амалӣ гашта, ба таъсиси як шабакаи устувор ва самаранок барои рушди истеҳсоли маҳсулоти иноватсионӣ ва табдил додани онҳо ба брендҳои байналмилалӣ равона шудааст. Лоиҳа барои ба бозорҳои миллӣ ва байналмилалӣ баровардани маҳсулоти нав фаъолияти худро дар вилояти Хатлон ба роҳ монда, маркази OVOP дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст.
Дар асоси тадқиқот беш аз 100 номгӯи маҳсулоти нави инноватсионӣ дар маҳалҳои вилоят муайян гардида, ҳоло 12 намуд маҳсулот истеҳсол ва муаррифӣ карда шуд. Моҳи марти соли 2025 ин маҳсулоти истеҳсолшуда дар намоиши байналмилалии EXPO – 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон гузошта шуда, харидорони худро меёбанд.
Татбиқи лоиҳа дар оянда дар тамоми минтақаҳои кишвар ба роҳ монда шуда соли 2025 дар шаҳри Душанбе кушодани мағозаи махсуси OVOP пешбинӣ гардидааст.
Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба густариши ҳамкориҳои байни мақомоти давлатӣ, истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, ки ҳар кадом нақши муҳимро дар рушди лоиҳа мебозад ва барои муваффақияти лоиҳа аҳамияти махсус дорад, даъват ба амал оварда шуд.