Ифтитоҳи Хонаи ақди никоҳи “Қасри бахт” дар шаҳри Душанбе
15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави Хонаи ақди никоҳро, ки “Қасри бахт” номгузорӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.