Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи иди саиди Фитр ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд.
Бо мақсади анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандон дар доираи ҳидоятҳои саховатмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.