Навиди Вазорат

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

.

 

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азиз!

Ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Дар ноҳияи Ҷайҳун комплекси агросаноатӣ кушода шуд

.

 

4 марти соли 2021 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон комплекси агросаноатӣ ифтитоҳ гардид, ки дар маросими кушодашавии он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон, муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон, Кристофорос Политис ва дигар намояндагон аз ташкилотҳои хориҷии иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷамъомади идона бахшида ба "Рӯзи Модар"

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба "Рӯзи Модар" ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ баргузор карда шуд. Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо - Завқизода Завқӣ Амин оғоз намуда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.