Навиди Вазорат

Иштирок дар кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и ноҳияи Спитамен

.

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и Деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшиданд.

Боздид аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2" дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен

.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2"-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон", ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст, боздид намуданд.

Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен

.

Устодони муҳтарам,

падару модарон ва фарзандони азиз!

Пеш аз ҳама, шумо - ширкаткунандагони ҷамъомади имрӯза, кормандони соҳаи маориф ва кулли сокинони ноҳияи Спитаменро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки муътабартарин ойини ниёгони мо ва беҳтарин маҳсули тафаккури  бузургони тамаддунсозамон мебошад, самимона табрик мегӯям.