Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ бо 50 ҷойи кории нав дар шаҳри Бӯстон
Рӯзи 24 – уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон - Бӯстон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.