Навиди Вазорат

Мулоқоти Вазир бо ноиби Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA)

.

 

16 июли соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ноиби Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) ҷаноби Пак Джешин баргузор гардид.

Сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ноҳияи Панҷ

.

 

Санаи 13 июли соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи аввали соли 2019 дар ноҳия Панҷи вилояти Хатлон иштирок намуданд. Ҷаласаи мазкур бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти марбута, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолон баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби роҳбарияти мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҳисоботи ҷамъбастии вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар шаш моҳи соли 2019 шунида шуд.

Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

.

 

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Ян-Петер Олтерс баргузор гардид.