Навиди Вазорат

Cафари корӣ ба ноҳияи Панҷ

.

 

Санаи 27 июли соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷро ва татбиқи супоришҳое, ки аз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 бармеоянд, ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Солеҳзода Ашурбой, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.