Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор
Рӯзи 29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро ба кор андохтанд.