Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон"
Рӯзи 27-уми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.