Ба истифода додани силсилаи иншооти ҳарбӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ
Рӯзи 14-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази таълимии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шарту шароити Отряди сарҳадии Хоруғ, ки пас азнавсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуд аз наздик шинос шуданд.