Иштирок дар муаррифии консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”
15 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

15 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмонӣ варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуданд.
15 март дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бисот” иштирок намуданд.




